Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд icon

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд

НазваниеНаврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд
Дата конвертации30.06.2013
Размер46.5 Kb.
ТипДокументы


Наврeз

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.img_nav

Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихи доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Ӯзбекҳо, Қирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Ҳоло, ки дар шаҳрҳои марказӣ Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Деҳнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, суннат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми ӯзбек низ бо чунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

Калимаи “Наврӯз” маънои “Рӯзи нав”-ро дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробарии Баҳор, рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар як шаҳрҳо ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Тоҷикистон асосан Наврӯзро аз 21 то 24-уми март ҷашн мегиранд. Ин рӯзҳои истироҳатӣ мебошад. Қадимтарин манбаи иди Наврӯз – ин китоби муқаддаси зардуштиён “Авесто” мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихи то 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чӣ хеле ки дар “Наврӯзнома”-и (Китоби Наврӯзӣ) Умари Хайём дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён дар “Шоҳнома” гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чӣ тавре ки маълум аст дар 21 март шабу рӯз баробар шуда ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин тахи дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар кӯҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилав дода равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номиданд, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар “Наврӯзнома” гуфта шудааст, ки Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кард. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин меросими халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирии паҳлавонҳо, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд гузошта мешуд. Ҳамчун қоида дар ид ду намуди дастархон оро дода мешавад: Ин “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” мебошад. Дар алифбои форсӣ “Син” ва “Шин” ҳарфҳои “С” ва “Ш” мебошад. Дар дини зардуштӣ ва исломӣ рақами 7 ҳамчун рақами муқаддас мешуморанд. Ҳафт Синро арабҳо дохил карданд аз сабабе, ки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, лекин Ҳафт Синро аз байн бурда натавонистанд.

Ҳафт Син ва Ҳафт Шин дар Наврӯз
Ҳафт Син. Яке аз анъанаҳои Наврӯзи ин 7 син мебошад. Ҳафт син ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – С (Син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:

1. Сир
2.Себ
3.Сабзӣ
4. Санчид
5. Сирко
6. Суманак
7. Сипанд

Ба ғайр аз инҳо дар дастархон аксар вақт китоби муқаддаси Қуръон ва Шоҳнома дида мешавад.

Умуман инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошад. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои ҳафт сини номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дида мешавад. Чӣ тавре, ки гуфтем ин аз урфу одати мардум иборат аст.

Ҳафт Шин – Ба ғайр аз «Ҳафт Син» дар рӯи дастархони Наврӯзӣ «Ҳафт Шин» мемонанд.
Ҳафт Шин ин он номгӯи чизҳои рӯи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо Ш (Шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

1.Шакар
2.Шона
3.Шамъ
4.Ширини
5.Шарбат
6.Ширбиринч
7.Шир

Орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.

Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ мебошад, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, иҷроӣ ва моддӣ унсурҳои асотирию мазҳабӣ, адабӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдӣ интиқол ёфтаанд.

Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҳвили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан, мурғ ва моҳиро рӯи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал-Хисравӣ, шоҳони сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навҷӯшида ва ё хӯрдани порае панири тоза оғоз мекарданд. Ва дар ин рӯзи Наврӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд. Чун Наврӯз пешонаи фасли баҳор аст, мардуми кӯҳистон асосан дар айёми Наврӯз шурӯь ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ мекарданд. Рамзи баракату фаровонӣ дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик мунъакис гаштааст. Занҳои тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврӯзӣ – сангчаҳоро ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр ҷойҳо ба деги суманак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағз меандохтаанд.

Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳоянд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончӣ, дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахуд, лӯбиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкӯча мепазанд, ки онро дар дигар минтакахо далда (Кӯлоб), кашк (Яғноб), бон (Бадахшон) гуча (дар Панҷакент) ва ғайра меноманд. Хӯроки мазкур, ки аз хубубиёт ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзи соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад.

Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкӯча мепухтанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад.

Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама бачагон бо иҷрои маросими шодии гулгардонӣ ба дигарон хабар медиҳанд. Онҳо як-ду ҳафта қабл аз Наврӯз гурӯҳ шуда, ба кӯҳу пуштаҳо рафта гулҳои баҳорӣ: сиёҳгӯш ва гули зардакро чида ба деҳа меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврӯзро мерасонанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро бӯй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачаҳо кулчаю қанду мавиз, дар баъзе ҷойҳо гандуму нахуд медиҳанд.




Похожие:

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconҲаёт ва фаъолияти Абӯшакури Балхӣ
Абӯшакури Балхӣ яке аз шоирони бузург ва тавонои асри худ буд. Ӯ соли 915 дар шаҳри бостонии Балх ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоии...
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconАвесто Авасто, қадимтарин асари адабиёти форс-тоҷик, китоби муқаддаси зардуштия оина халқҳои эронинажоди кадим

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconИктисодиёт ва хочагии халки Мовароуннахру Хуросон дар асрхи 9-10
Дар ин замон дар Шарr вилоят[ои Мовароунна[ру Хуросон аз ли[ози иктисодиёт тараrrb карда буд. Ба гуфти xуuрофдон[ои асри X мовароунна[р...
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconМафҳуми алгоритм яке аз мафҳумҳои асосии барномасозӣ аст. Алгоритм ин пайдарпаии фармонҳо ба иҷрокунанда, ки дар натиҷаи иҷрои ин пайдарпаӣ иҷрокунанда масъалаи гузошташударо ҳал мекунад
Алгоритм дар забони расмие, ки ба гуногунфаҳмӣ роҳ намедиҳад, навишта мешавад. Иҷрокунанда – одам, компютер, дастгоҳи автоматӣ ва...
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconТОЉикистон дар давраи мустањкамшавии љамъияти сотсиалистї (1938 то июни соли 1941) вазифањои плани панљсолаи севум
Ин буд, ки моњи апрели соли 1937 скх СССР дар бораи плани панљсолаи севуми тараќќиёти хољагии халќи мамлакат ќарор ќабул кард
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconОдатан барномасозони мо барои заруриятҳои ҷудогонаи мизоҷони алоҳида барнома месозанд
Дар мақола таҳлили яке аз тарзҳои паҳнгаштаи офаридани нармафзор (software) тарзи пӯшида (proprietary), инчунин баёни тарзи кушоди...
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд icon{аёти фар[ангии давраи Сомониён
Хуросон, ки дар заминаи анъана[ои бисёрасраи ниёгони тоxикон амал мекард, ба густариши [амагони забони форсии дарии тоxикb мусоидат...
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconДар китоби мазкур мафњумњои забони аломатгузори html
Дар замони муосир компютер дар рушди илмњои техники ањмияти аввалиндараља дорад. Давлатњои пешрафтаи олам ба омўзиши ин бахш диќќати...
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconАчдодони точикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Точикистон ва дигар чумҳуриҳои Осиёи Миёна сукунат доштанд
Помир оғоз мегардад. Дар Помири шарқй дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр қароргоҳи шикорчиёни кўчманчй Ошхона ифтитоҳ гардид. Дар...
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд iconI? Информатика ёамчунилм
Информатика дар нимаёоиасригузашта: вацтебариво\ ьфтанощознамуд: ки та\ёизотҳоимахсус – компютерҳоидороиимкониятёои дар хотирнигоёдоштанватабдилдоданиинформатсияродоштаихтироъ...
Разместите кнопку на своём сайте:
Документы


База данных защищена авторским правом ©cl.rushkolnik.ru 2000-2013
При копировании материала обязательно указание активной ссылки открытой для индексации.
обратиться к администрации
Документы