Cафари бебозгашт icon

Cафари бебозгашт

НазваниеCафари бебозгашт
Дата конвертации15.07.2013
Размер23.91 Kb.
ТипДокументы
1. /1. Cафари бебозгашт.doc
2. /1. Талок додан равост аз нигохи ислом.doc
3. /3. Салмони форси.doc
4. /3. Хафтод балоро дур мекунад.doc
5. /4. Хазрати Умар ибни Хаттоб.doc
6. /Акидаи Тахови.doc
7. /Навокизи Ислом.doc
8. /ОДОБ ВА СУННАТХОИ ИДИ САИДИ ФИТР.pdf
9. /ТАРИ?АИ ИСТИХОРА.doc
10. /ХАДИЧА БИНТИ ХУВАЙЛИД.pdf
Cафари бебозгашт
Талоқ додан равост аз нигохи ислом
Салмони форсӣ
Ҳафтод балоро дур мекунад
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу
Шарҳ: Қадим аз номҳои Худованд ба шумор намеравад. Мурод аз он, ин аст, ки зоти ҳазрати Худовандиро сабқат накарда ва Ӯ ҳамеша ҷовидон ва беинтиҳову фарҷом боқӣ хоҳад монд. Ин айнан мафҳуми ояти зерин мебошад: “Худованд аввал ва охир аст“ (Ҳадид: 3)
Муаллиф: Алломаи бузург Шайх Абдулазиз бин Боз, раҳимаҳуллоҳу Таъоло
Тариқаи истихора бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Cафари бебозгашт

сафари бебозгашт


Чипта: Танҳо ба як самт (чиптаи бозгашт нест).


Нарх: Ройгон (бепул).


Ҷойи махсус: Ҷудо ва тасдиқ шудааст.


Маълумоте дар бораи мусофир.


Ном. Насаб. Номи падар: Ҳама фарзандони Одам (а).


Таркибаш: Хок


Суроға: Сайёраи Замин


ШАРТҲОИ САФАР


Нуқтаи равонашавӣ: Ҳаёти дунявӣ.


Нуқтаи охирин: Ҳаёти беохир.


Транзит: Меҳмонхона - 2 метр зери замин (танҳо барои як шахс).


Муддати парвоз: Номаълум.


Вақти парвоз: Ҳангоми марг (вақташ муайян нест, чунончи метавонад зудтар пеш аз андешаи шумо рух диҳад)


Вақти фуруд омадан: Охирзамон (дар ҷадвал қайд нашудааст), замони вуқӯашро танҳо Аллоҳ медонад!!!


Маълумот дар бораи пурсиш: Вақте ки ба ҷойи таъйиншуда мерасед (дар қабр), саволдиҳандаҳои хеле зирак Мункару Накир зуд саволдиҳиро оғоз мекунанд. Ба Шумо се савол медиҳанд:


1. Худои ту кист?


2. Паёмбари ту кист?


3. Динат чист?


Боз каме аз корҳои дунявиатон пурсиш мекунанд. Муфассалтар ба сураи "Иброҳим" ва ҳадисҳо рӯй оред.


Хӯрҷин(багаж): Барои ҳар як шахс як тайёра ҷудо шудааст, ба ин нигоҳ накарда хӯрҷин (багаж) ҳаҷми муайяни худро дорад. Ба Шумо иҷозат дода мешавад, ки бо худ 18 метр сони сафед гиред. Бо худ ашёҳои дунявиро гирифтан қатъиян манъ аст.


Хурҷини ҳақиқӣ аз корҳои хуби дунявӣ иборат аст.


Низомномаи муҳим: Ҳамаи мусофирон бояд донанд, ки чипта баргардонида ва мубодила шуда наметавонад. Ин сафар барои ҳама муҳим аст, на вобаста ба миллат, дин ва ё авлод. Синну сол муҳим нест. Роҳи баргаштан нест. Фармондеҳи киштӣ малоикаи марг Азроил барои ҳилаи дигаркунии вақт бо шумо муросо намекунад.Барои гирифтани ахбороти муфассалтар, нишондодҳои Қуръони карим ва суннатро ёфта хонед, Шумо метавонед аз донишмандони исломӣ суол кунед. То метавонед зудтар ин амалро иҷро кунед. Ҳангоми сафар роҳҳои нафаскашӣ банд мешаванд, аммо ба шумо противогаз дода намешавад.


Низомномаи иловагӣ: Ба шумо варақа, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатхҳо лозим намешавад. Барои омодагӣ ба сафар намози панҷвақтаро истифода баред (дар масҷид бо ҷамоат намоз хондан тавсия карда мешавад). Қуръони каримро омӯзед ва ба сафар омода бошед, зеро ин чипта метавонад ҳар дақиқа аз шумо шавад.


Охирин огоҳӣ: Нуқтаи охирини сафар танҳо дар ӯҳдаи худи шумо мебошад.


Илтмос, вақти дар замин буданатонро беҳуда нагузаронед. Огоҳ бошед, ки чипта танҳо ба як тараф: ҷаннат ё ҷаҳаннам дода шудааст.


Ҳамаашро танҳо Аллоҳ медонад.




Разместите кнопку на своём сайте:
Документы


База данных защищена авторским правом ©cl.rushkolnik.ru 2000-2013
При копировании материала обязательно указание активной ссылки открытой для индексации.
обратиться к администрации
Документы