Салмони форсӣ icon

Салмони форсӣ

НазваниеСалмони форсӣ
Дата конвертации15.07.2013
Размер208.06 Kb.
ТипДокументы
1. /1. Cафари бебозгашт.doc
2. /1. Талок додан равост аз нигохи ислом.doc
3. /3. Салмони форси.doc
4. /3. Хафтод балоро дур мекунад.doc
5. /4. Хазрати Умар ибни Хаттоб.doc
6. /Акидаи Тахови.doc
7. /Навокизи Ислом.doc
8. /ОДОБ ВА СУННАТХОИ ИДИ САИДИ ФИТР.pdf
9. /ТАРИ?АИ ИСТИХОРА.doc
10. /ХАДИЧА БИНТИ ХУВАЙЛИД.pdf
Cафари бебозгашт
Талоқ додан равост аз нигохи ислом
Салмони форсӣ
Ҳафтод балоро дур мекунад
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу
Шарҳ: Қадим аз номҳои Худованд ба шумор намеравад. Мурод аз он, ин аст, ки зоти ҳазрати Худовандиро сабқат накарда ва Ӯ ҳамеша ҷовидон ва беинтиҳову фарҷом боқӣ хоҳад монд. Ин айнан мафҳуми ояти зерин мебошад: “Худованд аввал ва охир аст“ (Ҳадид: 3)
Муаллиф: Алломаи бузург Шайх Абдулазиз бин Боз, раҳимаҳуллоҳу Таъоло
Тариқаи истихора бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

САЛМОНИ ФОРСӢ

Дини мубини ислом дини умумибашарист. Дар густариши ин дини пок дар баробари арабҳо форсизабонон низ саҳми бузург доранд. Салмони Форсӣ, Имом Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва ҳазорон нафар уламову авлиёи форснажод дар таърихи ислом мақоми баландро соҳибанд. Ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам боре ба саҳобагоне, ки дар хусуси муҳоҷир ё ансорӣ будани Салмони Форсӣ баҳс мекарданд, чунин хитоб фармуданд: "Салмон як узви хонаводаи ман аст"


Тақрибан 1400 сол пеш аз ин дар наздикии яке аз шаҳрҳои Эрон, яъне Исфаҳон, дар ноҳияи Ҷӣ кӯдаке мутаваллид шуд, ки номи вайро Рӯзбеҳ гузориданд. Ӯ писари ягонаи як хонаводаи сарватманд буд.Падараш марзбоне аз афроди барҷаста ва соҳибнуфузи эронӣ башумор мерафт. Заминҳои кишоварзию чарогоҳ дар атрофи Исфаҳон дошт. Падараш пойбанди дини зардуштӣ буд. Ӯ ба пиндори нек, рафтори нек кирдори нек эътиқод дошт ва покизагиро риоят мекард. Дар айни ҳол мӯтаъқид буд, ки ба оташ ва обу хок эҳтиром гузошта, мабдаи хайру шарро аз ҳам ҷудо бояд намуд.

Рӯзбеҳ аз даврони кӯдакӣ шахси камҳарф, гӯшанишин ва андешаманд буд. Ӯ дар ҷавонӣ номи Салмонро гирифт. Азбаски писари ягона буд, волидайнаш ӯро бисёр дӯст медоштанд. Модараш ҳар рӯз ӯро шустушӯ медоди ва хидматкоре ба нигоҳубинаш банд буд. Ба Салмон либосҳои бисёр гаронбаҳо ва зариф мепӯшониданд. Ӯ ба масоили мазҳабӣ алоқаи фаровоне дошт ва маъмулан дар канори оташ ба фикр фурӯ мерафт. Рӯзе падараш Салмонро гуфт: "Ман мехоҳам сохтмони нав бисозам ва бояд дар хона бимонам, то коргаронро роҳнамо бошам. Дар айни ҳол бояд аз замин ҳам хабардор шавам ва ба кишоварзон бигӯям, ки ба вақти бардошти маҳсулот чӣ кор кунанд. Касе аз ту боварибахштар нест. Ту бояд гапҳои маро гӯш карда, ба киштзор равӣ ва онҳоро ба кишоварзон бигӯӣ.

Вақте падар дастурҳояшро ба поён бурд ва боварӣ ҳосил кард, ки Салмон онҳоро фаҳмида аст, изофа намуд: "Тавре баргард, ки пеш аз нисфирӯзӣ ин ҷо бошӣ. Саъй кун, то дер нашавад, зеро ман мунтазират ҳастам".

Ин бори нахуст буд, ки Салмон ба танҳоӣ аз манзил берун мерафт, хушҳолона ба тарафи киштзор давид, то дастуроти падарашро иҷро намояд. Аз хона чандон дур нашуда буд, ки садои ширине шунид. Диққат карда дид, ки чанд нафар сурудеро ҳамоҳангу яксадо мехонанд. Садо ба рӯҳи Салмон таъсири ногаҳонӣ гузошт. Ба тарафи биное, ки садо аз он ҷо мебаромад, равон шуд. Зери як сақфи баланд, ки бо наққошиҳои зебо зинат ёфта буд, мардум дар сафҳои муназзам пушти сари ҳам истода, дастҷамъона чизе мехонданду сипас зону бар замин мезаданд. Ба чашми Салмон ин манзара зебо намуд. Муддате он ҷо истод ва пас аз тамом шудани маросим назди яке аз ҳозирин рафт ва аз ӯ пурсид: "Шумо кистед ва ба чӣ коре машғул будед?"

Ӯ посух дод:

- Мо пайравони Исои Масеҳ ҳастем ва тибқи оини хеш намоз хонда ибодати Худоро ба ҷо меовардем.

Он гоҳ аз дини худ каме ба Салмон нақл кард. Салмон пас аз он ки суханони он мардро хуб шунид, андешид, ки дини онон ба ҳақиқат наздиктар аст. Ӯ то шаб натавонист аз он ҷо дур шавад. Вақте ҳаво торик мешуд, ёдаш омад, ки падараш кори дигаре ба ӯ супоридааст.Бо масеҳиён худоҳофизӣ карда, босуръат ба тарафи хонаашон давид. Падараш сахт асабонӣ буд. Ӯ чанд тан аз хидматгоронро ба атроф фиристода буд, то писарашро пайдо кунанд, вале онон ҳам дасти холӣ баргашта буданд. Чун Салмон ба ҳавлӣ ворид шуд, падар ӯро ба оғӯш кашид. Сипас пурсид, ки роҳро гум кардааст ё душманон хостанд ӯро аз байн бубаранд?

Салмон ҷавоб дод: "Аз канори калисои насрониҳо мегузаштам, ибодату ниёиши онҳо ба дилам нишаст. Ба тамошо машғул гаштам ва фармони шумо аз ёдам рафт".

Падар чеҳра дарҳам кашид. Салмон идома дод: "Ба назар мерасад, ки масеҳият аз оини зардуштӣ дида, ба ҳақиқат наздиктар аст. Худои воқеӣ бояд якто бошад, ки ҳама чизро халқ кунад, на ин ки ду (Худои хайр ва Худои шарр). Ман эҳсос мекунам, ки он роҳи парастиши Худо саҳеҳтар аст".

Падар бо нигаронӣ пурсид:

-Писарам дини падарони ту беҳтар аст ё дини онҳо? Оё чизҳои ман бароят ёддодаро фаромӯш кардӣ? Оё ту дигар ба оини мо вафодор нестӣ?

Салмон гуфт: "Дини падарони ман ҳаргиз аз дини онҳо беҳтар нест". Он гоҳ бо камоли адаб далелҳои сухани худро як-як баён намуд...

Падари Салмон далелҳои ӯро шунида, башиддат нороҳат шуд. Нороҳатии ӯ бештар аз ин буд, ки метарсид сухани писараш ба гӯши дигарон бирасад. Ба ҳамин ҷиҳат ин ҳодисаро шум донист ва худро сарзаниш кард, ки чаро ба писараш иҷозат додааст аз манзил берун равад? Бо ҳамин андеша ба Салмон гуфт: "Ҳеҷ гоҳ дубора ба ту иҷозат нахоҳам дод, ки аз хона берун равӣ. Ман наметавонам қабул кунам, ки ту дубора бо ин мардум мулоқот кунӣ. Дар ёд гир, ки оташ пок аст ва метавонад туро холис кунад. Ин роҳест, ки пешиниёни мо ихтиёр кардаанд ва ту низ бояд ихтиёр намоӣ. Ҳар чизи дигаре дурӯғ аст".

Он гоҳ дастур дод, ки дарҳои хонаро ба рӯи Салмон бибанданд ва нигаҳбонон ӯро зери назар бигиранд ва шабҳо низ паи ӯро ба тахтачӯб бибанданд. Дар он рӯзҳо касоне, ки ба ҳукумати Сосонӣ наздик буданд, бими он доштанд, ки мабодо дар аркони имони мардум нисбат ба ойини зардуштӣ халал афтад. Зеро аз шурӯи кори Маздак сад сол гузашта бошад ҳам ҳанӯз новобаста аз қатли оммаҳои сершумор бинобар ноадолатиҳо ҳамаи имтиёз дар дасти ашрофзодагон буда, ҷомеа дучори ошуфтагиҳои фаровон гашта буд.

Салмон, ки рӯҳи баландаш ҳамчунон озод буд, худро асло нороҳат накард. Бо падараш низ ба муқобила барнахост. Зеро дид, ки падараш аз муҳаббати зиёд нисбат ба ӯ чунин корро ихтиёр кардааст. Муддате гузашт. Як шаб вақте Салмон дар ҳуҷраи худ ба занҷир баста шуда буд, яке аз хизматкорони қадимӣ ба суроғи вай омад. Салмон аз ӯ хоҳиш кард, ки аз номи вай ба ходими колисо саволе диҳад. Саволи вай ин буд, ки дар куҷо роҷеъ ба масеҳият таълим гирифтан мумкин аст? Ҷавоб доданд, ки минтақаҳои Шом ва Фаластин маркази дини Масеҳ буда, Исо алайҳиссалом дар Байтуллаҳм (Вифлеем) ба дунё омадааст. Салмон аз ҳамин хизматкори қадимӣ хост, ки агар фарде ё қофилае бо ҳамон самт равад, ӯро бохабар созад. Ӯ дар қалби худ нерӯе эҳсос мекард, ки вайро ба сӯи Байтуллаҳм мехонад.

Шабе он хизматкор назди Салмон омада гуфт: "Ба ман хабар доданд, ки имшаб қофилае аз ин ҷо ба мақсади Шом меравад. Гарчи барои ман сахт аст, ки арбоби худро дигар намебинам, аммо медонам, ки ту мехоҳӣ аз қайди ин занҷирҳо халос шавӣ". Салмон ба ӯ миннатдорӣ карда, либоси жандаи хизматкорро гирифта пӯшиду ба корвон ҳамроҳ шуд.

Субҳ падару модари Салмон аз хоб бедор шуда, асаре аз Салмон наёфтанд. Падараш бо асабоният нигаҳбонон ва афродеро ба ҷустуҷӯи Салмон ба атроф фиристод, вале аллакай дер шуда буд...

Салмон ба Димишқ расидан замон ба аввалин колисо рафт ва бо касоне, ки дар колисо буданд, ба сӯҳбат пардохт. Онон бо меҳрубонӣ ва самимият ӯро қабул карда, хӯрок доданд ва ба рӯҳонии калок (усқуф)-и шаҳр шинос намуданд. Салмон ба ӯ гуфт: "Ман шаҳру диёрамро тарк намудам, то ҳақиқатро биёбам. Ба назари ман мазҳаби масеҳият аз оини Зардуштӣ дида, ба ҳақиқат наздиктар аст. Мехоҳам дар колисо бимонам, то бештар маълумот бигирам".

Усқуф розӣ шуд. Салмон ҳар рӯз саҳар бо хушҳолӣ аз хоб хеста, баъд аз ибодат дар калисо, аввал хонаи усқуф, сипас калисо ва меҳробро тоза карда, ғизо мепухт. Шабҳо низ намоз мехонд. Вале баъзе корҳоро дида ҳайрон мешуд. Ӯ ҳис кард, ки пирамарди рӯҳонӣ марди гурусначашму риёкор аст. Дӯстона ва бо лабханд ба миёни мардум меравад. Сипас, ононро дар ғайб масхара мекунад. Ӯ мардумро ташвиқ мекард, ки барои кӯмак ба фақиру дармондагон ба вай пулу мол диҳанд, вале ба ҷои тақсими онҳо дар миёни камбағалон он чизҳоро ҷое захира мекард. Дар мондагоне, ки ба ӯ муроҷиат мекарданд, ноумед мешуданд. Салмон эҳсос мекард, ки байни гуфтаҳои Исои Масеҳ ва рафтори ин рӯҳонӣ фарқ аз замин то осмон аст.

Рӯзе он усқуф гирифтори таб шуда, ногаҳон вафот кард.Ба хотири марги ӯ мардум аз дуру наздик ҷамъ шуданд. Салмон тоқат накарда, болои меҳроб рафту ҳақиқатро гуфт: "Эй мардум, ин усқуф марде ҳиллагар буд. Ӯ шуморо барои додани садақа тарғиб мекард, вале ҳамаи кӯмакҳои шумоёнро барои худ анбор намуд. Вай ҳатто як танга ҳам ба фақире кӯмак накардааст".

Мардум аввал тааҷҷуб намуданд, ҳатто чанд нафар мехостанд барои ин суханон Салмонро зарбу лат кунанд. Ба ҳар ҳол аз Салмон барои гуфтаҳояш далел хостанд. Салмон онҳоро ба таҳхона бурда, ҳафт сандуқи пур аз тиллову нуқра ва ҷавоҳироту молҳои хайрияро нишон дод. Мардум дар ғазаб шуда, ҷасади усқуфро ба майдони шаҳр бурда, ба даре овехтанду сангсор карданд.

Пас аз чанде усқуфи дигареро роҳбари динии худ интихоб карданд. Салмон хизматкории ӯро ба ӯҳда гирифта, ба зудӣ дарёфт, ки ин усқуф нисбати пешина инсони покдил буда, ба фармудаи дин амал мекунад.

Усқуфи нав шабу рӯз дар намоз буд ва Салмон низ дар канори ӯ. Салмон худ баъдҳо гуфтааст: "Ман ҳамвора дар хидматаш будам ва ӯро бисёр дӯст медоштам, то ин ки осори марг дар чеҳрааш ҳувайдо гашт. Ба вай арз кардам, "агар ба шумо ҳодисае рӯй диҳад , маро ба кӣ месупоред?" Гуфт: -Фарзандам, ман касеро нишон надорам ғайри олиме, ки дар Мавсил аст. Агар метавонӣ, худро ба ӯ бирасон, ки ӯро монанди ман хоҳӣ ёфт.

Баъди марги усқуф Салмон муддате барои ӯ сӯгворӣ карда, сипас ба тарафи Мавсил рафт. Он олимро ёфта, ба хизмати калисо даромад.

Чанд вақт нагузашта, ин олим низ фавтид ва пеш аз маргаш Салмонро васият кард, ки ба хидмати роҳибе дарояд, ки дар Насибин зиндагӣ мекард. Салмон баъди дафни ӯ аз Мавсил баромада, пас аз тай кардани масофаи зиёд ба Насибин расид. Роҳиб ӯро монанди фарзанди худ пазируфт. Ӯ низ ҳамчун олимони қаблӣ пок зиндагӣ мекард. Пеш аз маргаш ба Салмон тавсия намуд, ки ба хидмати усқуфе дар шаҳри Умурия бишитобад. Салмон бо машаққати зиёд ба Умурия рафта, усқуфро пайдо намуд. Ӯ рӯзҳо калисоро тоза мекард, либосҳои усқуфро мешуст ва маҳалли баргузории оини "ашои раббонӣ"-ро омода месохт. Дар дигар вақтҳо намоз мехонд, ё рӯза мегирифт. Усқуф дар баробари заҳматҳои Салмон ба ӯ як қитъа замин ва чанд гову буз бахшид.

Муддате баъд усқуф бемор шуда, Салмонро ба назди худ хонду гуфт: "Писарам , ман касеро намешиносам, ки ба ту муаррифӣ кунам, вале дар иваз мехоҳам туро ба чизе роҳнамоӣ кунам. Ин роҳнамоӣ метавонад туро мададгор бошад. Ба ту мужда медиҳам, ки бо вуҷуди кашидани ранҷу сахтии бисёр оянда охирин паёмбарро мулоқот хоҳӣ кард. Паёмбаре, ки омадани ӯ ба таври рӯшан дар китоби муқаддаси мо башорат дода шудааст. Ӯ аз Арабистон баромада, мардумро ба парастиши Худои Якто хоҳад хонд ва зиндагии беҳтару шарофатмандонае арза хоҳад кард.

Салмон бо тарсу таҳайюр гуфт: “Вале ман чӣ гуна метавонам он мардро бишносам?”

Усқуфи пир бо садои заиф посух дод: “Нишонаҳои зиёд вуҷуд дорад, вале барои ту се нишона кофист. Аввал ин ки он Паёмбар шахсест, ки чун ба ӯ садақа бидиҳӣ, қабул нахоҳад кард. Дуввум ин ки, агар ба ӯ ҳадяе бидиҳӣ қабул хоҳад намуд. Нишонаи сеюм ин, ки ӯ дар миёнаи ду китфаш мӯҳри пайғамбарӣ дорад. Агар метавонӣ худро ба ин мард бирасон”.

Усқуф инро гуфта баъди лаҳзае ҷон дод. Салмон дар марги ӯ рӯзу шабҳои бисёр сӯгворӣ кард. Баъди шунидани суханони усқуф Салмон як ҳадаф дошт: Пайдо кардани Паёмбари охирин ва хидмат кардан ба ӯ.

Пас аз чанд муддат як корвони тоҷирон аз Арабистон вориди шаҳр шуд. Рӯзи бозгашти тоҷирон Салмон аз онҳо хост, ки ӯро бо худ ба Арабистон баранд. Бозаргонон гуфтанд, ки мо бепул касеро бо худ намебарем. Салмон гову бузҳои худро ба тоҷирон дод, ва онҳо розӣ шуданд, ки ӯро ҳамроҳ гиранд.

Билохира ба деҳкадае расиданд, ки “Алқароъ” ном дошт ва байни Сурияву Макка воқеъ буд. Корвониён дар деҳкада истироҳат карданд. Сипас гӯсфандеро бар замин заданд ва аз мурдаи ӯ ғизо пухтанд. Салмон аз он ғизо нахӯрд. Гуфт: “Ман аз ин гӯшт намехӯрам”. Ҳамагӣ ӯро гирд карда, зарбу лат намуданд. Онгоҳ роҳнамои корвон ба мардуми деҳкада сӯҳбат кард ва дар ҳоле ки Салмонро бо даст нишон медод аз онҳо пул гирифт. Роҳнамо назди Салмон омада гуфт: “Дӯсти ман сафари ту дар ин ҷо ба поён расид. Акнун ту бо мардуми ин деҳкада зиндагӣ хоҳӣ кард. Сипас Салмонро ба тарафи мардум тела дод. Марде, ки ба роҳнамо пул дода буд, банди дасти Салмонро гирифта, ӯро кашон- кашон бо худ бурд. Салмон акнун фаҳмид, ки корвониён ба ивази ҳама хубиҳояш ӯро ба ғуломӣ фурӯхтаанд. Бисёр ғамгин шуд, ки ба “шаҳри теппаи сиёҳ ва хурмо” намеравад. Дар айни ҳол бо хондани дуоҳо худро тасаллӣ медод.

Рӯзе баъд бо марди яҳудӣ, ки ӯро харида буд, ба боғе рафтанд. Дарахтони хурмо мӯҳтоҷи парвариш буданд. Он мард ба Салмон гуфт, ки тамоми рӯз бояд дар зери офтоб кор кунӣ ва каме нон ба ӯ дод. Салмон, ки ба сахтиҳо одат карда буд, шурӯ ба кор намуд. Ӯ аз он ки ба шаҳри Паёмбари Худо наздиктар шудааст, хушҳол шуд..

Як саҳар марди яҳудӣ ба назди Салмон омада гуфт: “Ман туро ба писарамакам фурӯхтам. Ту бояд бо ҳамроҳии ӯ ба тарафи Ясриб ҳаракат кунӣ, ки ҷои зисти ӯст”. Барои Салмон муҳим набуд, ки барои чи касе кор мекунад, зеро ӯ ғулом буд ва орзуи озодӣ дар сар дошт.Ҳангоми расидан ба мавзеи миёни “Ал Қуроъ” ва Ясриб ногаҳон дар ду тараф теппаи сангҳои сиёҳ ба назар расид. Замин шӯразор буд ва пештар аз он ду теппа, дарахтони нахл (хурмо) -ро дид. Қалби Салмон аз ҳаяҷону хушӣ ба таппиш афтод. Оё вай метавонад касеро, ки ба хотири ӯ шуда ин қадар азобро таҳаммул кардааст, бубинад?

Салмону соҳиби наваш ба Ясриб расиданд. Ӯ дар боғи яҳудӣ кор мекард. Кор сахту якнавохт, вале ғизо хеле кам буд. Ӯ ба теппаҳои сиёҳ ва нахлистон чашм дӯхта, ба оянда умед мебаст. Дар ҳамон рӯзҳо ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар Макка, пас аз он ки паёмбариашро эълом намуданд, ба хотири даъвати мардум ба роҳи рост ва яккахудоӣ мавриди мухолифати бутпарастон қарор гирифта буданд. Шиканҷаву таъқиби дӯстони ишон ва қасди куштани ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) боиси он гардид, ки Паёмбари гиромӣ (саллаллоху алайхи вассалам) Маккаро тарк намуда, ба сӯи Мадина рӯ оранд.

Рӯзе Салмон дар боғ ба коре машғул буд. Соҳиби боғ низ дар паҳлӯяш меистод. Ногоҳ писарамакаш вориди боғ шуда бо асабоният гуфт: “Хабари навро шунидӣ?”

Арбоби Салмон рӯ ба писарамакаш намуда пурсид:

-Чӣ шудааст?

-Мушкилофарини Макка ба шаҳри мо омада истодааст. Қабилаҳои Авс ва Ҳазраҷ вайро даъват кардаанд, то ки Ясриб биёяд. Он ҳам ба атрофиён ва ёрони худ. Он шахс ҳоло дар Қубо аст ва фардо ба тарафи шаҳри мо меояд.

Хӯҷаини Салмон гуфт: - Мо эҳтиёҷ ба паёмбари наве надорем, хусусан паёмбаре, ки мардум дар шаҳри худаш аз ӯ мутанаффиранд”

Салмон аз шунидани ин хабари хушҳолкунанда ба ҳаяҷон омад, ба тавре, ки беихтиёр ларзид ва ниҳоли дарахте, ки дар даст дошт, афтода ба сари арбоби яҳудиаш зад. Ӯ ба ҷои узрхоҳӣ беихтиёр пеш омада гуфт: “Чӣ хабар аст? Чӣ мегӯед? Ин марде, ки аз Макка омадааст кист ва чӣ мегӯяд?”

Яҳудӣ аз афтодани ниҳол ба сараш ва густохии Салмон бисёр асабонӣ шуд. Торсакие ба рӯи Салмон зада гуфт: “Ин ба ту чӣ рабте дорад? Ту кори худро дон ва ба корҳое, ки ба ту дахл надорад, кордор машав! Фаромӯш накун, ки ту як ғулом ҳастӣ!”

Салмон дигар чизе нагуфт. Чун шаб шуд, тоқат накарда, каме таом ва хурморо бардошта ба роҳ даромад. Ҳудуди се километр роҳ рафта ба деҳае расид, ки он ҷо Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) муваққатан иқомат мекард. Мардум хонае, ки Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) он ҷо буд, нишон доданд. Салмон дар баробари худ марди зеборӯеро дид, ки чашмони мушкӣ ва табассуми дилнишине дошт. Худро ҳаяҷонзада ба Паёмбар расонида гуфт: “Шунидам, ки Шумо аз Макка омадаед ва касони дигаре ҳам бо Шумо ҳастанд”.

Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) бо аломати тасдиқ сар ҷунбонида мунтазир шуданд, ки Салмон идома диҳад. Салмон гуфт: - Ман чанд хурмо ба худ овардам. Инҳо садақаанд. Ба Шумо овардам, ки онро бипазиред ва тановул бифармоед.

Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) бо муҳаббат ба рӯи Салмон нигариста, хурмоҳоро гирифтанду ба ҳамроҳони худ дода гуфтанд: “Бихӯред!”

Ҳамаи ёрони Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) аз хурмоҳо хӯрданд, вале худи ишон нахӯрданд. Салмон бо хушҳолӣ ба забони модариаш (форсӣ) гуфт: “Ин яке. Ӯ дар аввалин имтиҳон пирӯз шуд тавре ки усқуф гуфта буд, ин мард садақаро нагирифт”.

Салмон наздики субҳ ба хона баргашт, то пеш аз он ки ҳӯҷаин аз хоб бедор шавад, ӯ дар ҷои кораш бошад. Пас аз он Салмон дубора мехост Паёмбарро бубинад, аммо хӯҷаинаш аз ӯ бадгумон шуда буд. Ноилоҷ сабр кард, то рӯзе , ки ногаҳон берун аз боғ ҳаёҳуе барпо шуд.

Салмон нигоҳ кард, ки ҷамоати бузурге аз мардум сӯи шаҳр меоянд. Марди яҳудӣ, ки соҳиби Салмон буд, низ он мардумро дид. Пешопеши ҷамоат марде савор бар шутури сафед буд, ки ором ва боматонат ҳаракат мекард. Ба назари Салмон расид, ки ӯ ҳамон Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) аст, ки бо ҳамроҳонаш вориди шаҳр мешаванд.

Арбоби Салмон зери лаб ғурғуркунон гуфт: -Ин ҳам як бадбахтии дигар. Ӯ бояд ҷои дигареро пайдо кунад”.

Мардум аз пеши боғи марди яҳудӣ гузашта, вориди шаҳр шуданд. Он шаб Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) дар хонаи Абу Аюби Ансорӣ иқомат намуданд.Чун шаб шуд, Салмон чанд хурморо ба буғчае баста сӯи хонаи Абу Аюб равон гашт. Мардум гирд нишаста буданд. Салмон аз миёни онҳо роҳ кушода бо изтироб гуфт:

-Эй оғо, ман чанд хурмо бароятон ҳадя овардам.

Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) ба Салмон бо муҳаббат нигариста барои хурмоҳояш изҳори ташаккур намуданд. Яке аз хурмоҳоро худашон хӯрда боқимондаашро ба атрофиён тақсим намуданд.

Салмон осудаҳолона нафасе кашида гуфт:

-Ин ҳам нишонаи дигар. Ду нишонаро аз он се нишонае, ки усқуфи пир гуфта буд, дар ин мард дидам.

Шаби дигар Салмон боз ба хонаи Абу Аюб омад. Мардум гирди Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) ҷамъ буданду он ҳазрат дар хусуси намоз сӯҳбат мекарданд.

Салмон ба ҳар сӯ нигоҳ карда меҳроб ё либоси махсусе, ки дар калисо дида буд, ин ҷо надид. Аз шахсе, ки дар паҳлӯяш нишаста буд, пурсид: “Бо чӣ василае мехоҳед Худоро парастиш кунед?” Он мард ҷавоб дод: “Мо Худоро мехонем”.

Салмон пурсид: -Бе ягон восита?

Мард гуфт: - Бале, мо Худоро мехонем ва Ӯ дуоҳои моро мешунавад.

Салмон ба ин гуна ибодати осон мабҳут шуд. Ҳамчунон, ки гӯш медод.,Паёмбар ба ояте аз сураи “Ёсин” расид: “Қуръон аз ҷониби он Пирӯзманди Меҳрубон нозил шуда. То мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва дар бехабарӣ буданд”. (оятҳои 5-6).

Вақте намоз поён ёфт, Салмон пеш рафт ва дар пушти Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) тавре нишаст, ки битавонад ду китфи ишонро бубинад. Аз сабаби гармии ҳаво Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) либосе пӯшида буданд, ки қисмате аз шонаашон намудор буд. Пас аз муддате Паёмбари гиромӣ ба ақиб гашта, дарк намуданд, ки Салмон дар паи ёфтани чист. Аз ин рӯ, иҷоза доданд, ки либос аз шонаи муборакашон поён равад ва Салмон бо чашмони худ дид, ки байни ду китфи Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) нишонае аз мӯҳр вуҷуд дорад. Салмон аз китфони Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) бӯсида бо гиря гуфт: “ Ман ҳоло ҳар се нишонаеро, ки марди масеҳӣ гуфта буд, дар Шумо пайдо кардам. Акнун ба ислом гаравидам”.

Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) аз исломро қабул кардани Салмон хушҳол шуданд. Дигарон низ аз мусулмон шудани ин марди форс шодмонӣ карданд. Салмон мехост яке аз ҳамроҳони Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) шавад ва ҳамон ҷо бимонад, аммо ӯ ғулом буд ва бояд пеши арбоби худ бармегашт.

Рӯзе Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалас) ба Салмон фармуданд: “Худро аз дасти арбобат озод кун”. Ёрони Паёмбар дастҷамъона 40 уқия (34 грамм) тилло гирд оварда ба Салмон доданд, то худро озод созад. Салмон аз ин фидокории ёрони Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) мабҳут шуда, назди арбобаш рафта гуфт: “Оғо, ман ҳозирам, ки 40 уқия тилло бидиҳам, то маро озод созед”. Тиллоҳо беш аз миқдоре буд, ки марди яҳудӣ интизор дошт, лекин ҳирсу тамаъи вай боло гирифта гуфт: “Ман розиям, вале ту илова бар додани ин 40 уқия тилло боз 300 ниҳоли хурмо низ бикорӣ, ки ҳеҷ яке аз онҳо набояд хушк шаванд ва соле баъд битавонанд шукуфа диҳанд. Агар ин тавр шуд ту озодӣ”.

Салмон аз ин шарт маъюс шуд. Зеро мумкин набуд, ки аз 300 ниҳоли хурмо ягонтоаш дар шӯразор хушк нашавад. Ӯ ин мавзӯъро ба Паёмбару ёронаш гуфт. Онҳо ҳар кадомашон бо худ ниҳол гирифта ба кӯмаки Салмон омаданд, то зудтар ниҳол шинонанду ӯро озод созанд. Ёрони ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) чуқурӣ меканданду худи Паёмбари гиромӣ (саллаллоху алайхи вассалам) ниҳол мешинониданд.

Баъди як сол ҳама ниҳолҳо гул карданд. Марди яҳудӣ иқрор шуд, ки бо ин шарт мехост чанд соли дигар Салмонро дар хизмат нигоҳ дорад.

Озодии Салмон ёрони Паёмбарро хушҳол намуд. Ҳама дар масҷид гирд омаданд. Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) ба ӯ чанд дона хурмо дода гуфтанд: “Акнун ту низ аз хурмоҳои ман бихӯр. Озодии ту муборак аст ва Худованд туро хоҳад омурзид”.

Азбаски Салмон ғайриараб буд ва собиқаи ғуломӣ мекард, бархе мардуми Мадина мартабаи ӯро аз дигарон паст медонистанд. Бештари касоне, ки барои озодии вай тилло ва ниҳол дода буданд, мехостанд Салмон тобеи онҳо бошад. Аммо Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) эълон намуданд, ки Салмон озодшудаи шахсии ишон аст ва ӯро аз наздикони худ хонданд.Салмон низ пас аз рӯй овардан ба ислом ва озод шудан аз ғуломӣ ҳамчун мушовири амиқу лоиқ дар канори Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) ба хидмат машғул шуд ва дар назди ишон манзалати хос ёфт.

Дар соли панҷуми пас аз ҳиҷрат бархе аз яҳудиёни Мадина ба Макка рафта, бо бутпарастон иттифоқ баста, онҳоро ба ҷанги зидди мусулмонон даъват карданд. Яҳудиён зимни бозгашт ба Мадина бо чанд қабилаи дигар гуфтушунид карда, бо додани ришва онҳоро ба ҷанг ташвиқ намуданд. Ҳамин тавр шумораи касоне, ки қасди ҳамла ба Мадинаро доштанд, тақрибан ба 10 000 нафар расид.

Бархе аз саҳобагон ин иқдоми душманонро фаҳмида, ба Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) маслиҳат доданд, ки аз Мадина берун раваду дар куҷое, ки бо душман рӯ ба рӯ мешаванд, ҷангро сар кунанд. Салмон гуфт: "Ҳар гоҳ душмане ба мо дар Эрон ҳуҷум меовард, барои осонии дифоъ гирди шаҳр хандақ мекофтем, ки паҳниаш даҳ қадам ва чуқуриаш аз қади инсон бештар буд. Ба он об сар медодем. Душман ба шаҳр даромада наметавонист. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) пешниҳоди Салмонро пазируфта, ба сипоҳиёни ислом, ки 3000 нафар буданд, фармони кандани хандақро доданд. Ҳамин тавр дар ин ҷанг мусулмонон ғолиб омаданд. Обрӯву манзалати Салмони Форсӣ миёни саҳобагон хеле боло рафт.

Як бор дар маҷлисе Салмон аз дар ворид шуд. Ёрони Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам), ки дар мақоми Салмон дар назди Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) огоҳӣ доштанд, аз ҷо хеста, ӯро дар садри маҷлис ҷо доданд. Яке аз аъроби Қурайш бо эътироз гуфт: "Чаро бояд ғайриараб дар миёни арабҳо бинишинад?"

Паёмбари гиромӣ дар он маҷлис ибтидо аз ин ки ҳама инсонҳо бо ҳам баробаранд, сухан гуфтанд: "Ҳамаи мардум монанди дандонаҳои шона мусовӣ ва баробаранд. Арабро бар аҷамӣ ва сурхро бар сиёҳ бартарӣ нест, магар ба тақво ва парҳезкорӣ дар назди Худо". Сипас дар хусуси Салмон фармуданд: "Салмон дарёест, ки ба охир намерасад ва ганҷест, ки поён намеёбад. Салмон аз хонадони мост. Ӯст, ки ҳикматро ато мекунад ва бурҳонҳои ҳақро ошкор месозад. Биҳишт ҳар рӯз панҷ бор муштоқи дидани Салмон аст".

Салмон баъд аз вафоти Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) бо ҳазрати Абӯбакр ва Умар низ ҳамкорӣ кард. Дар замони хилофати Умар (р) Тисфун пойтахти Сосониён фатҳ шуд ва аз он пас соири манотиқи Эрон низ, яке пас аз дигаре фатҳ гардид. Салмон дар даъвати эрониён ба пазируфтани ислом ва ҷилавгирӣ аз қатлу хунрезӣ кӯшиши зиёде намуд. Ӯ аз Даҷла шинокунон убур карда, бо сокинони Мадоин гуфтугӯ кард ва ташвиқашон намуд, ки таслим шаванд.

Ҳазрати Умар (р) пас аз фатҳи Мадоин ҳазрати Салмони Форсиро устондори навоҳии Ироқ ва Эрон дар Мадоин таъин кард.

Салмон бо салоҳдиди Амиралмӯъминин аз Мадина ба Тисфун равон шуд. Мардуми Тисфун ҳама бо либосҳои зебо берун аз шаҳр мунтазири омадани волии нав буданд. Пирамарде аз дур пайдо шуд, ки либоси кӯҳна бар тан дошт ва пиёда меомад. Мардум аз ӯ пурсиданд: "Дар роҳ, ки меомадӣ, волии нави мо Салмонро надидӣ?"

Пирамард посух дод: "Ман худ Салмон ҳастам". Ӯ пиёда вориди шаҳр шуд ва аз бинои азими қохи Тисфун истифода мекард. Чун аз Байтулмол барои вай маош мефиристоданд, онро ба дигарон медод ва дар вақтҳои фароғат занбал мебофт ва аз дастранҷи хеш зиндагӣ мекард. Бо вуҷуди волӣ будан хеле хоксорона мезист. Ӯ дар номаи худ ба ҳазрати Умар (р) навишта буд: "Расули Худоро дидам, ки ҳар гоҳ нони ҷав ба даст меовард ва онро тановул мефармуд, шод мегашт ва озурда намешуд... Барои ман ғизо чӣ мағзи гандум бошад, чӣ сабӯси ҷав фарқе надорад".

Салмон солҳо дар Мадоин ба адолат ва шафқат ҳукумат кард. Рӯзе эҳсос намуд, ки марги ӯ фаро расидааст. Аз ҳамсараш атр хост ва гуфт: "Онро перомуни бистари ман бипош". Вафоти ӯ соли 35 ҳиҷрӣ иттифоқ афтод.

Рӯзе Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) нишаста буданд. Ҷибриил оятеро ба ишон нозил кард: "Агар рӯй бартобед, ба ҷои шумо (Худо) мардуме дигар орад, ки ҳаргиз ҳамсони шумо набошанд". (Сураи Муҳаммад, ояти охир).

Аз ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) пурсида шуд: " Эй Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) чӣ касонеро агар мо эъроз кунем, ба ҷои мо бармегузинӣ?"

Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) даст бар зонуи Салмон заданд ва гуфтанд: "Ин ёр ва маҳрами ман аст". Ва сипас идома доданд: "Манзурам, ин мард ва қавми ӯст. Ба Худо савганд, ки агар имон дар ситораи Сурайё бошад, гурӯҳе аз мардони Форс онро ба чанг меоваранд".

Ҳазрати Салмони Форсӣ разияллоҳу анҳу яке аз нахустин соҳибҳунарони ислом буданд, ки шиноварӣ, хандақ сохтан, сартарошӣ ва дигар ҳунарҳоро метавонистанд. Ишон аввалин бор маъмур шуданд, ки сари саҳобагони паёмбарро битарошад. Дар тӯли таърих арабҳову турку форсҳо ҳазрати Алиро чеҳраи дурахшони футувват ва ҷавонмардӣ мешуморанд. Салмони Форсиро бошад устоди афзал ва пири аҳли ҳунар медонанд. Зеро мӯътақиданд, ки ӯ ба қавле, ки дода буд, устувор монд ва то охир даст аз паёмбару ёронаш накашид.

Худованд аз ишон розӣ бод!



Разместите кнопку на своём сайте:
Документы


База данных защищена авторским правом ©cl.rushkolnik.ru 2000-2013
При копировании материала обязательно указание активной ссылки открытой для индексации.
обратиться к администрации
Документы