Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу icon

Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу

НазваниеҲазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу
Дата конвертации15.07.2013
Размер90.3 Kb.
ТипДокументы
1. /1. Cафари бебозгашт.doc
2. /1. Талок додан равост аз нигохи ислом.doc
3. /3. Салмони форси.doc
4. /3. Хафтод балоро дур мекунад.doc
5. /4. Хазрати Умар ибни Хаттоб.doc
6. /Акидаи Тахови.doc
7. /Навокизи Ислом.doc
8. /ОДОБ ВА СУННАТХОИ ИДИ САИДИ ФИТР.pdf
9. /ТАРИ?АИ ИСТИХОРА.doc
10. /ХАДИЧА БИНТИ ХУВАЙЛИД.pdf
Cафари бебозгашт
Талоқ додан равост аз нигохи ислом
Салмони форсӣ
Ҳафтод балоро дур мекунад
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу
Шарҳ: Қадим аз номҳои Худованд ба шумор намеравад. Мурод аз он, ин аст, ки зоти ҳазрати Худовандиро сабқат накарда ва Ӯ ҳамеша ҷовидон ва беинтиҳову фарҷом боқӣ хоҳад монд. Ин айнан мафҳуми ояти зерин мебошад: “Худованд аввал ва охир аст“ (Ҳадид: 3)
Муаллиф: Алломаи бузург Шайх Абдулазиз бин Боз, раҳимаҳуллоҳу Таъоло
Тариқаи истихора бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

ҲАЗРАТИ УМАР ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу

-Ҳазрати Умар (р) сӣ сол пеш аз пайғамбаршавии ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) таваллуд шудаанд. Яъне, аз Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) даҳ сол хурд мебошанд. Ишон дар Маккаи Мукаррама ба дунё омада, аз қабилаи қурайш буданд. Дар даврони ҷоҳилият ҳар гоҳ байни қурайш ва дигарон ҷанге рух медод, хонаводаи онҳо нақши сафир ва сухангӯи қурайшиёнро мебозид.

Умар (р) марде қадбаланд, гандумгун, зеборӯ, пуртоқат, сахтгир, қавиҷусса буда, садои пурқувват доштанд. Ишон аз ҷумлаи касоне буданд, ки дар соли панҷуми пеш аз ҳиҷрат мусулмон шуданд. Хоҳарашон Фотима зани Саъид ибни Зайд буд. Ҳардуяшон мусулмон буданд, аммо исломи худро пинҳон медоштанд. Рӯзе Умар (р) шамшерашро бардошта гуфт: - Меравам , то Муҳаммадро бикушам!

Бо ин мақсад равон буд, ки дар роҳ Наъим ибни Абдуллоҳро дучор омад. Наъим чун аз қасди ӯ огоҳ шуд, гуфт: - Агар Муҳаммадро кушӣ, писарони Абдуманоф туро осуда нахоҳанд гузошт. Беҳтар аст ба хона биравию бубинӣ хешони ту ба чӣ кор машғуланд.

Умар (р) пурсид: - Чӣ мегӯӣ?

Наъим гуфт: - Хоҳарату шавҳараш дини Муҳаммадро қабул кардаанд.

Умар (р) хашмнок роҳи хонаи хоҳарашро пеш гирифт. Дар он вақт Хаббоб ибни Артта дар хонаи Саъид сураи "Тоҳо"-ро ба зану шавҳар ёд медод.

Чун Умар (р) ба хона ворид шуд, Ҳаббоб аз тарс пинҳон шуд. Фотима варақи суранавиштаро зери доман ниҳод. Умар (р) пурсид? -Ин чӣ садое буд: Шунидам, ки шумоён ба дини Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) даромадаед?

Сипас язнаи худро дашном дод. Фотима ба ҳимояти шавҳараш бархост. Умар (р) зарбае зад, ки сари хоҳараш кафида, хун ҷорӣ шуд. Фотима гуфт:

-Ҳоло, ки чунин аст, бидон, ки мо мусулмон шудаем. Ҳар чӣ мехоҳӣ бикун!

Умар(р) аз кори кардааш пушаймон шуд ва ба хоҳараш гуфт: -Ончиро мехондед, ба ман бидеҳ.

Фотима гуфт: - Метарсам, ки онро пора мекунӣ.

Умар қасам хӯрд, ки ин тавр намекунад ва бо хоҳиши хоҳараш шустушӯ карда, варақро гирифта хонду гуфт: -Чӣ суханони накӯ ва баландмазмун аст!

Хаббоб ин гуфтаҳои Умарро шунида аз пинҳонгоҳ берун шуду хитоб кард: "Мебинам, ки дуои Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) дар ҳаққи ту мустаҷоб шуд. Шунидам, ки Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) мегуфт: "Худоё, исломро ба Ибни Ҳишом ё Умари Хаттоб иззат бидеҳ!"

Умар (р) ҳамроҳи Хаббоб назди Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) рафта мусулмон шуд ва ислом оварданашро ба қурайш эълон намуд. Ӯ чилумин нафаре буд, ки ислом овард. Ҳазрати Умар (р) дар риояти халқ бисёр сахтгир ва ба фармонҳои илоҳӣ сахт пойбанд буд. Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) дар сифати ӯ фармудаанд: "Худованд ҳақро бар забону қалби Умар (р) ниҳод ва ба василаи ӯ ҳақро аз ботил ҷудо сохт". Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) муждаи биҳиштро ба ӯ дод.

Дар замони хилофати Умар (р) сарзаминҳои Сурия, Ироқ, Форс,Либия, Озарбойҷон, Наҳованд ва Гургон (қисмати Эрон) ба дасти мусулмонон гузашт. Куфа ва Басра ба шаҳр табдил ёфтанд. Умар (р) аввалин касест, ки солшумории ҳиҷриро ҷорӣ намуд, дафтари танзиму сабти умури молӣ ва идориро созмон дод ва намози таровеҳро ба ҷамоат хонд.

Бо вуҷуди салобате, ки Умар (р) дошт , бо мардум алалхусус бо заъифону бенавоён меҳрубон буд ва ба онон ҳамдардӣ мекард. Волиёнеро аз рӯи лаёқат ва шоистагӣ таъин кард ва ба онҳо мегуфт: "Мусулмононро назанед, ононро хор нанамоед ва муддати тӯлонӣ ба ҷиҳод нафиристед, ки дур аз хонавода дучори фитнаву гуноҳ мешаванд". Ҷирҷи Зайдони масеҳӣ дар ҳаққи Умар (р) гуфтааст: "Тақво, покдоманӣ ва Зуҳди Умар машҳуртар аз он аст, ки мӯҳтоҷ ба тазаккур бошад. Умар таъсисдиҳандаи давлати исломӣ буд. Камтар дар таърих чунин касе ёфт мешавад, ки ҳама сифатҳои нек дар ӯ ҷамъ шуда бошад... Марде мисли Умар (р) дар таърих собиқа надорад". Муддати хилофати ҳазрати Умар (р) даҳ солу шаш моҳ буд. Ӯро дар Мадинаи Мунаввар а, паҳлӯи ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ва Абӯбакри Сиддиқ (р) ба хок супурданд.

НАМУНАЕ АЗ АХЛОҚИ ҲАЗРАТИ УМАР (Р)

Рӯзе, ки ишон имон оварданд, шумораи мусулмонон 39 нафар буд.

Бо вуҷуди салобате, ки ҳазрати Умар (р) дар пойбандӣ ба Ҳақ доштанд, бо мардум ва заифону бенавоён хеле меҳрубон буданду бо онҳо ҳамдардӣ мекарданд. Мисли ишон дар таърих шахсият хеле кам аст: Дар хутбае, доир ба сахтгирии худ фармудаанд: "Бидонед, он шиддату сахтгириеро, ки шумоён аз он тарс доред, ман дучандон хоҳам кард. Аммо ин шиддат мутаваҷҷеҳи касоне мешаванд, ки бар мусулмонон ситам намоянд. Ононе, ки аҳли диёнатанд, ман нисбат ба онҳо нармдилӣ хоҳам кард. Ҳаргиз касеро, ки ба нафари дигар зулм мекунад, ба ҳоли худ нахоҳам гузошт, аммо барои покдоманон ва солиҳон (ончунон фурӯтанам, ки) рӯямро ба хок мениҳам".

Ин меҳрубонӣ ва дилсӯзии марде нерӯманд, дурандеш ва одил нисбати касонест, ки сазовори лутфанд. Шабҳо мардум дар хоб буданду ӯ бедор мегашт ва дармондагону бенавоёнро ҳолпурсӣ менамуд.

Ҳазрати Умар (р) амали зердастонашро назорат мекарданд ва волиёнро хеле санҷида интихоб менамуданд. Лаёқат ва ахлоқу покдастии роҳбаронро дар мадди аввал мегузоштанд. Ишон нақши бузурге дар фиқҳ (қонунҳои шариат)-и исломӣ ва сабуксозии он ба мардум доштанд.

Худованд аз ишон розӣ бод!

Миёни саҳобагони Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу бо маҳорати баланди роҳбарӣ, ташкилотчигӣ парҳезкорӣ ва адолатпарварии худ шӯҳрат доштанд. Ишон барои самаранок пеш бурдани кори хилофат Маҷлиси Шӯро таъсис доданд. Номзадии роҳбари шаҳру вилоятҳоро дар ин маҷлис муҳокима намуда, сипас ӯро ба ҳайси волӣ пешбарӣ (таъин) мекарданд. Аз ҳисоби Байтулмол (хазинаи давлатӣ) барои сарварон моҳона муайян намуданд. Иддае аз онон ба хотири зуҳду тақвое, ки доштанд, вазифаҳои супурдашударо бепул (холисанлиллоҳ, ба хотири ризои Худованд) анҷом медоданд.

Ҳазрати Умар (р) касеро, ки волӣ таъин мекунанд, дастуреро низ ҳамроҳи ӯ ирсол менамуданд. Дар он дастур вазифаҳое пешбинӣ шуда буд, ки волӣ бояд дар муддати сарвариаш иҷро мекард. Зери фармони таъиншавии волӣ имзои якчанд саҳобагон низ гузошта мешуд. Он волӣ ба ҳар ҷое, ки таъин мешуд, мардумро ҷамъ карда, дастуру вазифаҳои ба зиммагирифтаашро дар ҳузури ҳамагон мехонд. Агар ӯ аз вазифаю дастури ба ӯҳдагирифтааш сарпечӣ мекард ё аз ҳадди ваколаташ берун қадам мениҳод, мардум ба Дорулхилофа арз мекарданд. Ҳазрати Умар (р) ба он кӯшиш мекарданд, то мардум салоҳияту вазифаҳои ҳокими худро бидонанд. Дар яке аз хутбаҳои ишон ба ҳокимон чунин таъкид шудааст:

"Огоҳ бошед, ман шуморо ба унвони амир барои он таъин накардаам, ки ба гардани мардум савор шавед, балки шуморо ба унвони имом ва пешво қарор додаам, то мардумро раҳнамоӣ кунеду мардум ба шумо пайравӣ намоянд. Шумо бояд ҳуқуқи мардумро риоя кунед ва онҳоро (беҳуда) танбеҳ надиҳед. Таърифи беҷо ҳам накунед, ки дар фитна меафтанд. Дарҳои Дорулҳукуматро ба рӯи касе, ки шикояте дорад, набандед. Мабодо, қудратмандон ҳаққи заифонро нахӯранд. Дар ҳеҷ коре худро аз халқ болотар қарор надиҳед, ки ин зулм ба онҳо маҳсуб мешавад".

Шахсе, ки ба унвони ҳокими маҳалле интихоб мешуд, ҳазрати Умари Форуқ ӯро дар ҳузури саҳобагон аз вазифааш огоҳ менамуд ва саҳобагонро шоҳид мегирифт. Ҳадафи он ҳазрат ин буд, то муайян кунад, ки шахси мазкур чӣ андоза қобилияти сарвариро дорост. Аз сардорон чунин ӯҳдадорӣ гирифта мешуд:

1.Ба аспи туркӣ (ки он вақт нақлиёти аз ҳама қиматбаҳо ҳисоб мешуд, савор нашаванд.

2. Либоси нозук (ва қиматбаҳо) напӯшанд. Хоксорона либос пӯшанд.

3. Нони сабӯсдор бихӯранд.

4. Ба дари хонаҳояшон нигаҳбону хидматгор нагузоранд.

5. Дари худро ҳамеша ба рӯи додхоҳон ва мӯҳтоҷон кушода бигзоранд.

Пеш аз гирифтани мансаб молу дороии ҳоким ҳисоб шуда дар нусхае сабт мешуд. Агар молаш баъди супурдани мансаб зиёдтар мешуд, барои аз куҷо омадани он ҳисобот медод.

Ба тамоми коргузорон ва ҳокимони вилоятҳо дастур дода шуда буд, ки ҳар сол ҳангоми ҳаҷ дар Макка ҳозир шаванд. Бинобар ин мардум аз ҳар тараф барои ҳаҷ ва додхоҳӣ ба Макка меомаданд. Ҳазрати Умар (р) дар маконе истода эълон мекарданд, ки додхоҳон ба наздашон биёянд. Ҳатто хурдтарин шикоят мавриди баррасӣ (пурсуҷӯ расидагӣ) қарор мегирифт.

Барои таҳқиқи арзу шикоятҳо идораи махсусе таъсис дода шуд, ки Муҳаммад ибни Саламаи Ансадиро, роҳбари он таъин карданд. Худи ҳазрати Умар (р) рӯзона ва шабонгоҳон ба шаҳру деҳот рафта аз вазъи зиндагии мардум ҳамеша огоҳ мешуданд. Бо вуҷуди ин гурӯҳи махсусе ташкил намуданд, ки онҳо холисона вазъи кишвар (сарзамини зери хилофати ислом) -ро ба ҳазрати Умар (р) баён мекарданд. Агар роҳбаре ба мардум такаббур варзида, беморонро хабар намегирифт, фақиру заифонро ба дарбор роҳ намедод, ӯро аз вазифа сабукдӯш менамуданд. Ҳамнишинони ҳазрати Умар (р) ҳама аҳли илму фазл буданд.

БО ХОКСОРӢ АДОЛАТРО АЗ УМАР (Р) БИЁМӮЗЕД


Замоне, ки ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) халифаи мусулмонон буданд, борҳо барои бечорагону заифон худашон ғизо мепухтанд. Моҷарои зане, ки кӯдаконаш аз гуруснагӣ намехобиданду Умар (р) ба онҳо аз хазина нону хӯрок пухта дод, марди фақире, ки хонумашро дарди таваллуд гирифту ҳазрати Умар ҳамсарашонро ба доягӣ фиристода, худ нону хӯрок тайёр намуданд хеле машҳур аст. Аз хоксорона либос пӯшиданашон бисёриҳо ишонро намешинохтанд. То нимаҳои шаб шаҳрро пиёда гашта аз ҳоли мардум бохабар мешуданд. Онҳо инро на ба хотири шӯҳрат , балки ба хотири ризои Худованд мекарданд. Амали нек пинҳон намемонад. Аз ин рӯ то ҳол ҳазрати Умарро бо хоксорӣ ва адолатмандиашон ба некӣ ёд мекунанд.

ХУДОТАРСӢ БА РОҲБАР ВИҚОР МЕБАХШАД

Халифаи дуюми ҳазрати Муҳаммад(саллаллоху алайхи вассалам) Умар разияллоҳу анҳу бо вуҷуди сарвари як хилофати паҳновар буданаш хеле хоксор буд. Бисёр вақт хасеро аз замин бардошта мегуфт: «Кош, ман як хас мебудам!» (Зеро хас аз пурсиши рӯзи қиёмат озод аст).

Боре ҳазрати Умар(р) машғули коре буд, ки нафаре омада гуфт: «Эй халифа, фалонӣ ба ман зулм кардааст. Хоҳиш мекунам, интиқоми маро бигир!»

Ҳазрати Умар (р) ӯро як дурра зада гуфт: «Вақте ман барои пурсидани арзу шикоят мешинам, ту намеоӣ, (то арзатро бигӯӣ). Чун машғули кори дигар шудам, ту омада мегӯӣ, ки интиқомамро бигир.

Он шахс рафт. Ҳазрати Умар (р) пушаймон шуда, аз қафои ӯ қосиде фиристода, қафо баргардонду дурраро ба дасташ дода гуфт: «Интиқом (қасд)-атро аз ман бигир! Мард гуфт: «Ба хотири ризои Худованд туро авф кардам». Ҳазрати Умар (р) бо шукронаи авфи он мард ду ракаат намоз адо карда ба худ гуфт: «Эй Умар, ту (замоне) заиф будӣ, Худованд бароят қувват дод. Гумроҳ будӣ, Худованд туро ҳидоят кард. Хор будӣ, Худованд бароят иззат дода туро сарвари мусулмонон гардонид. Пас касе биёяду гӯяд, ки «интиқоми зулми манро бигир», оё ӯро лат мекунӣ?

Фардо рӯзи қиёмат ба Парвардигорат чӣ ҷавоб хоҳӣ дод?»

Барои як касро ранҷониданаш ҳазрати Умар (р) дергоҳ худро маломат мекард.

Хуб мешуд, сарварони ҷамоаву ноҳияҳо мисли ҳазрати Умар (р) адолату ҳақиқатро ҳамеша риоя кунанду ба арзи муроҷиаткунандагон расидагӣ намоянд. Ва он гуфтаи ҳазрати Умарро ба хотир оранд: «…Туро Худованд иззату мансаб дод…»



Похожие:

Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу icon2013 1434 MyIslamicBooks tk Салафлар дурдоналаридан
Имом Аҳмад «Муснад»да саҳиҳ санад билан келтирган ҳадисда Абу Зар розияллоҳу анҳу шундай дейдилар
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconТолстокишечной непроходимости
Работа выполнена на кафедре хирургических болезней №1 Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино...
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconЛечение варикоцеле формированием микрососудистых анастомозов
Работа выполнена в Республиканском научном центре сердечно-сосудистой хирургии Министерства здравоохранения Республики Таджикистан...
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconОсобенности течения и лечения постинъекционных гнойно-воспалительных и сосудистых осложнений у больных, страдающих наркоманией 14. 01. 26 сердечно-сосудистая хирургия
...
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconУлаев носирхон Анварович особенности ультразвуковой диагностики и хирургического лечения острой кишечной непроходимости
Работа выполнена на кафедре хирургических болезней №1 Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино...
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconНа правах рукописи махмадов шамсулло Курбанович санитарно-гигиеническая характеристика условий пребывания школьников в компьютерных классах и их влияние на орган зрения
Работа выполнена на кафедре общей гигиены и экологии Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconПресс-релиз проспект Рудаки 139 тел. 2244583, 6003629
«Программы развития тгму им. Абуали ибни Сино на 2006–2015 годы» и «Концепции реформы высшего медицинского и фармацевтического образования...
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconНа правах рукописи аюбова гулнора Шириновна Влияние факторов алюминиевого производства на микробиоценоз половых органов и реактивность кожи
Работа выполнена на кафедрах общей гигиены и экологии и кафедры микробиологии, иммунологии и вирусологии Таджикского государственного...
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconУмарова мукадас Файзуллаевна состояние сердечно-сосудистой системы у детей с диффузным нетоксическим зобом
Работа выполнена на кафедре пропедевтики детских болезней Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни...
Ҳазрати умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу iconПресс-релиз проспект Рудаки 139 тел. 2244583, 6003629
Абуали ибни Сино считается одним из ведущих высших учебных заведений страны, является основным центром по подготовке и воспитанию...
Разместите кнопку на своём сайте:
Документы


База данных защищена авторским правом ©cl.rushkolnik.ru 2000-2013
При копировании материала обязательно указание активной ссылки открытой для индексации.
обратиться к администрации
Документы